Дар маркази маъмурии вилояти Иркутски Русия таҳти унвони “Пули дӯстии Тоҷикистон - Иркустк” фестивали диаспораи тоҷикон доир гардид.

Тавре телевизиони маҳаллии НТС хабар медиҳад, яке аз майдонҳои Иркутск бо рангҳои миллии Тоҷикистон зебу оро дода шуд. Зиёфати асосӣ оши палавӣ тоҷикӣ буд, ки бевосита назди меҳмонони фестивал пухта шуд.

“Гӯшту пиёзу сабзӣ, нахӯду биринҷ ва хӯришҳо. Инро ҳама медонанд, лекин пухтани оши палави шарқиро кам касон метавонанд”, - мутмаин аст хабарнигори НТС.

Намояндагони Тоҷикистон ба меҳмонону тамошобинони фестивал дастовардҳои фарҳанги худро намоиш доданд. Дар ин маърака аксари диаспораҳои вилояти Иркутск низ иштирок доштанд.

“Дар ҳамаи чорабиниҳои мо намояндагони миллатҳои дигар иштирок мекунанд, - мегӯяд Муриват Маликшоев, раиси Ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикон дар вилоят. - Табиист, ки мо ҳам дар чорабиниҳои миллатҳои дигар иштирок мекунем ва бо ҳамаи диаспораҳои миллии Иркутск муносибатҳои хуби дӯстона дорем”.

Ба ҷуз тановули палави хуштаъм ва шириниҳои шарқӣ, меҳмонони фестивал аз тамошои рақсу таронаҳои тоҷикӣ низ баҳра бурда, либос ва зарфҳои милии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи маҳсулот харидорӣ карданд.

Муовини раиси вилояти Иркутск Владимир Дорофеев мегӯяд, имрӯз муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи минтақавӣ аз чониби сарони кишварҳо дастгирӣ мешавад.

“Зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрел ба Маскав яқ қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки ба таҳкими дӯстӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад”, - иброз дошт ӯ.

Мусобиқаи милии тоҷикӣ “Гуштигирӣ” ба рӯйдоди марказии фестивал табдил ёфт. Ҳам калонсолон ва ҳам варзишгарони наврас ба майдон баромаданд. Бинандагони иштиёқманд эътимод ҳосил карданд, ки минтақа натанҳо сермиллат, балки муттаҳид ва тифоқ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.