«Мо дар ин шаҳр зиндагӣ мекунем ва он бояд аз ахлот пок бошад”, - таҳти ҳамин шиор рӯзи якшанбеи гузашта сокинони пойтахт шанбегӣ барпо карданд.

Дар соҳили дарёи Душанбе, қитъаи назди пули хиёбони Саъдии Шерозӣ ёварони ихтиёрӣ беш аз 100 халта партов (асосан шишаҳои плостикӣ) ҷамъ карданд.

Дар ин маърака беш аз 70 нафар ширкат варзиданд. Миёни онҳо ихтиёриён аз Y-PEER Tajikistan, ширкати Olucha Taxi ва Roof Pub – Dushanbe ҳузур доштанд. Корҳои асосии роҳандозии маърака аз ҷониби Амир Ханма (Амир Исоев) ва Наврӯз Одинаев ба сомон расонида шуд.

Дар маъракаи ҷамъоварии партов беш аз 70 нафр иштирок карданд
Сурат аз саҳифаи Амир Ханма дар Facebook

Бинобар сабаби ҳоло ҳам дар соҳили дарёи Душанбе мавҷуд будани партови зиёд ва ҳамчунин хоҳиши бисёре аз сокинон ҷиҳати иштирок дар чунин чорабиниҳо, дастандаркорон пешниҳод кардаанд, ки боз як чунин маърака гузаронида шавад.

Ҷамъоварии партов рӯзи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад. Ҷойи ҷамъ шудани ихиёриён: соати 10:00 дар назди пули маҳаллаи 46-ум, ки он ҷо низ хеле партов мавҷуд аст.

Касоне, ки имкони мустақилона омаданро надоранд, ҳамчунин ширкатҳое, ки ба хароҷот (дастпӯшак, бастаҳо (пакетҳо) ва ғайра) кумак карданиянд, метавонанд бо Амир Ханма (918 34 00 43) дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.