Дар бахши “Устои мактаби олии ҳунар”-и Фестивали байнулмилалии ҳунармандӣ, ки дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, намояндагони Тоҷикистон ду зинаи аввалро ишғол карданд.

Аъзои Иттифоқи ҳунармандони кишвар Абдуқаҳҳор Ҳамдамов ва Содиқ Зарифов соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Абдуқаҳҳор Ҳамдамов устои қолинбоф, мушовир оид ба рангдиҳӣ ва қолинбофии дастӣ мебошад. Ӯ муассиси маркази таълими устоҳои ҷавон аст.

Содиқ Зарифов шонаҳои дастӣ, бозича ва қуттиву сандуқчаҳо месозад. Маҳсулоти ӯ дорои Нишони сифати ЮНЕСКО буда, аллакай дар бозорҳои ҷаҳон муваффақона ба фурӯш меравад.

Ба ҳар кадом аз устоҳои тоҷик 2500 доллар мукофотпулӣ тақдим гардид.

Сурат: Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ кард.

Дар фестивал беш аз 370 нафар устоҳои боистеъдод, ходимони фарҳанг, олимони санъатшинос аз 78 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал дар Қӯқанд тарғиби таъриху фарҳанги қадима, шиносоии аҳли ҷомеа бо ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳо дар миқёси байнулмилалӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.