Рӯзи якшанбе 150 нафар кормандони шаҳрдории Хуҷанд таҳти сарварии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба деҳқонон дар ҷамъоварии пахта кумак карданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов гуфт, ки зимнан кормандон дар хоҷагии илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта ҷамъоварӣ карданд.

1/7

“Раиси шаҳр 38 кило пахта чид. Кормандони мақомоти шаҳрдорӣ, ки дар маъракаи ҳашар иштирок карданд, ҳамагӣ беш аз 4 тонна пахта ҷамъ оварданд. Беҳтарин чинакчиён бо мукофотпулии раиси шаҳр қадрдонӣ шуданд”, - хабар дод Юсуфов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.