Дар Рӯзи ҷаҳонии почта – 9-уми октябр дар бораи чӣ гуна қабул кардан ва фиристодани баста (посылка) ба/аз Тоҷикистон, арзиш ва муҳлати расидани он маълумот медиҳем.
Дар бозори Тоҷикистон ду ширкати почта – EMS Tajikistan, воҳиди оператори давлатии «Почтаи Тоҷик» ва хадамоти хусусии «Почтаи аср» амал мекунанд.
Бо масоили дар боло зикршуда ба онҳо муроҷиат кардем.
Бастаеро фиристодан мехоҳам. Ба куҷо муроҷиат кунам?
Барои фиристодани баста метавонед ба EMS Tajikistan, воҳиди оператори давлатии «Почтаи Тоҷик» ва хадамоти хусусии чанде қабл бозшудаи «Почтаи аср» муроҷиат кунед.
Онҳо дар куҷо филиалҳо доранд?
Бастаҳо тариқи EMS Tajikistan дар ҳамаи нуқтаҳои «Почтаи Тоҷик» дар саросари ҷумҳурӣ қабул мешаванд.
Барои ирсоли баста тавассути «Почтаи аср» ба дафтарҳои кории онҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат карда метавонед. Ё метавонед аз хизматрасонии борбар (курйер) истифода кунед, ки бепул аст. Борбарро метавон бо рақами кӯтоҳи 770 даъват кард.
Ирсоли баста чӣ арзиш дорад?
Нархи расонидани бастаҳо ба кишвари ирсолмешуда вобаста аст. EMS Tajikistan кишварҳои ҷаҳонро ба 9 минтақа ва «Почтаи аср» ба 7 минтақа тақсим кардаанд.
Мувофиқи нархномаи онҳо дар сомонаҳо, нархи 1 кило чунин аст:
EMS Tajikistan: минтақаи 1 – $24, минтақаи 2 – $28, минтақаи 3 – $45, минтақаи 4 – $60, минтақаи 5 – $63, минтақаи 6 – $76, минтақаи 7 – $87, минтақаи 8 – $108, минтақаи 9 – $124.
«Почтаи аср»: минтақаи 1 – $26, минтақаи 2 – $40, минтақаи 3 – $60, минтақаи 4 – $66, минтақаи 5 – $78, минтақаи 6 – $90, минтақаи 7 – $100.
Дар торнамоҳои ин хадамот дар бораи ба кадом минтақа дохил шудани кишвари ирсол маълумот дарёфт кардан имкон дорад. Барои саҳеҳтар фаҳмидани нархҳо метавонед тариқи телефон, ҳамчунин ба дафтарҳои кории хизматрасонӣ муроҷиат кунед.
Дар ҷадвали “Почтаи аср” Қазоқистон (Алмаато), Ӯзбекистон (Тошканд) ва Русия (Маскав) ба минтақаи 1 дохиланд. Дар EMS Tajikistan Озарбойҷон, Қирғизистон ва Русия (Маскав, Санкт-Петербург) дар ин минтақа зикр шудаанд.
Ба минтақаи 2 дигар шаҳрҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Русия, ҳамчунин Арманистон, Украина, Белорус, Молдова, Туркманистон ва Гурҷистон дохил шудаанд.
Аксари кишварҳои Аврупо ба минтақаи 3 ва қисмати начандон зиёд ба минтақаи 4 шомиланд. Кишварҳои хориҷи дур дар минтақаҳои 5, 6 ва 7 ҷойгир шудаанд.
Бо тарифҳои «Почтаи аср» бо ин суроға ва EMS Tajikistan дар ин ҷо метавон шинос шуд.
Баста то чанд рӯз ба Маскав мерасад
EMS Tajikistan расонидани бастаро ба ҳама кишварҳо дар муддати 8-10 рӯз ваъда медиҳад. «Почтаи аср» бастаро дар муддати 2-4 рӯз ба Маскав мерасонад.
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Ҳамон 8-10 рӯз. «Почтаи Аср» дар муддати 3-5 рӯз.
Ба кишварҳои хориҷи дур
Бо EMS Tajikistan фаҳмост, «Почтаи аср» иҷрои ин корро дар 4-7 рӯз ваъда медиҳад.
Хадамоти почтаи мо бо кадом кишварҳо кор мекунанд?
Бино ба маълумоти сомона, EMS Tajikistan бо 206 кишвари саросари дунё ва “Почтаи аср” бо 250 мамлакат ҳамкорӣ доранд.
Агар хизматрасонии ин ду ширкат писандам наояд, интихоби дигар дорам?
Не. Чунки соли 2017 дар Тоҷикистон дафтарҳои кории дигар хадамоти почтавӣ баста шуданд ва шумо наметавонед тариқи DHL, UPS, TNT, Pony Express бастаро фиристед ё қабул кунед.
Аммо ҳуҷҷат ва бастаҳои начандон калонро метавонед ба воситаи шиносҳоятон фиристед, ҳарчанд ин кор он қадар осону боэътимод нест.
Барои фиристодани бастаҳои калон ё бор ба хадамоти боркашонии фурудгоҳи шаҳри худ ё ба Идораи роҳи оҳан муроҷиат кардан мумкин аст.
Барои ман аз Русия ба Тоҷикистон чӣ гуна баста фиристода метавонанд?
Бастаро аз Русия метавон тавассути шуъбаҳои “Почта России” фиристод. Дар он ҷо ба шумо тарифҳои гуногуни фиристодани онро ба Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, аз ҷумла, бо EMS.
“Почтаи аср” танҳо дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург намояндагӣ дорад.
Мегӯянд, ки “Почта России” бастаҳоро ба Тоҷикистон қабул намекунад. Ин рост аст?
КВД “Почтаи тоҷик” изҳор мекунад, ки чунин мушкилот ҷой надошта, бастаҳо ба Тоҷикистон дар намояндагиҳои “Почта России” қабул ва саривақт ба Тоҷикистон расонида мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.