Имрӯз дар боғу меҳмонхонаҳо, дафтарҳои хизматрасонии ширкатҳо, чанде аз қаҳвахонаҳо ва фурудгоҳи Душанбе дастрасии озод ба интернети Wi-Fi пешниҳод мешавад. Замоне Wi-Fi-и бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам дастрас буд, аммо зиёд давом накард.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар ҳудуди 5 боғ аз интернети ройгон 24 соат дар як шабонарӯз истифода карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар рейтинги байнулмилалии Speedtest Тоҷикистон бо нишондоди 10.44 мегабит дар як сония зинаи 122-юм ва дар рейтинги интернети ноқилӣ бо 18.05 мегабит мақоми 110-умро ишғол мекунад.

Дар пажӯҳиши Worldwide mobile data, ки дар 230 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст, Тоҷикистон аз рӯйи нархгузории интернет зинаи 103-юм ва байни кишварҳои ИДМ як зина баландтар аз ҷойи охирро касб кардааст: арзиши 1 гигабайт тақрибан 3,6 доллар буда, ин яке аз гаронтарин дар ҷаҳон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.