Дар гурӯҳи фейсбукии «Я-Душанбинец» навиштаи Шаҳноза Исломова дар бораи чӣ гуна маҷбурӣ ба мошин нишондану шуъбаи милитсия бурдани ҷиянаш, ки ҳиҷоб пӯшида буд, баҳси пурҷӯшу хурӯш барангехт.

Дар навишта зикр гардида буд, ки ҷияни ӯро барои рад кардани кашидани рӯймол “террорист” номида, таҳдид кардаанд, ки 15 шабонарӯз ҳабс мекунанд.

“Вақте бибиам ва тағоям барои овардани ӯ рафтанд, ба онҳо фаҳмонданд, ки ин фармони сарвари давлат буда, онҳо танҳо амри болоро иҷро мекунанд”, - навишт ӯ. Наздиконаш талаб кардаанд, ки фармон дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷобро нишон диҳанд, вале кормандони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур изҳор доштаанд, ки “ин фармон дар дасти худи президент аст”.

Скриншот

Шаҳноза афзудааст, ки ҷиянашро ҷазо додаву дар ҳаҷми 175 сомонӣ ҷарима кардаанд.

“Расид (квитансия)-и ҷарима дар дасти мост. Қарори судро надоданд, ин чӣ гап аст? Ба суд танҳо ҷиянамро роҳ доданд. Судя гуфтааст, ки ҳиҷоб аз рӯйи қонун манъ набуда, ранги сиёҳи рӯймол манъ аст. Барои ранги рӯймол 175 сомонӣ ҷарима карданд. Нусхаи расиди “Амонатбонк” дар дасти мост”, - навиштааст Шаҳноза Исломова.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Шаҳноза нақл кард, ки ҷиянаш ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ кор мекунад ва айни замон дар коргоҳ мебошад. “Алҳол ҳамааш хуб аст, лекин озурдахотирӣ аз ҳодисаи рухдода зуд намегузарад”, - изҳор дошт ӯ.

Акси расиди пардохти ҷаримаро Шаҳноза Исломова пешниҳод кард

Дар ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур тариқи телефон ба мо дар ин робита гуфтанд, ки аз ин ҳодиса огаҳӣ надоранд ва ба суолҳои мо посух гуфта наметавонанд.

Чанде аз корбарони Facebook зимни шарҳу баррасии ин навиштаи Шаҳноза тавсия додаанд, ки ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе дар бораи поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ бо ариза муроҷиат карда шавад.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи қазияи мазкур иброз дошт, ки ин амали кормандони милитсия ғариқонунӣ аст, зеро дар Тоҷикистон қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб вуҷуд надорад.

“Духтари ҷабрдида ба ВКД, саҳеҳтараш Хадамоти амнияти дохилӣ, ки аризаҳоро оид ба амалҳои худи кормандони милитсия баррасӣ мекунад, ё ба прокуратура ҳамчун мақоми назоратӣ шикоят карда метавонад”, - гуфт ҳуқуқшинос.

Қаблан ба Asia-Plus дар Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар кишварамон аз рӯйи қонунгузорӣ мамнӯъ набуда, тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои пӯшидани сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Заноне, ки барои пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд, барои барқарор кардани ҳуқуқи худ ба мақомоти прокуратура муроҷиат карда метавонанд.

“Агар бонувонро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат карда, ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод кунанд”, - гуфтанд ба Asia-Plus дар прокуратура.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.