Рӯзи сешанбе мо дар бораи вазъи кӯчаи Истиқлол дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ гузориши видеоӣ нашр кардем. Он замон одамон шикоят доштанд, ки аз сабаби ноқисии қубурҳо наҷосат ба ҷӯйборҳо мебарояд.

Гузориши видеоиро мо чанд рӯз пеш наворбардорӣ кардем. Акнун худи сокинони ин маҳалла ба мо як видео фиристоданд. Саҳни ҳавлии назди хонаҳои онҳо ба ҳавзи ифлосӣ табдил ёфтааст, ки обаш омехтаи наҷосат аз обу корез аст. Худатон бубинед:

Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки чунин вазъ натанҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷой дорад. Пас аз нашри видео ба мо аз дигар навоҳӣ, аз ҷумла, ноҳияҳои пойтахт низ бо чунин шикоятҳо муроҷиат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.