Собиқ роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳомидов 24-уми октябр аз олам даргузашт. Ӯ нахустин сарвари телевизиони Тоҷикистон буда, дар таъсиси ансамбли маъруфи “Гулшан” ва гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” саҳми беандоза дорад.

Маросими видоъ имрӯз, 25-уми октябр соати 12 дар манзили Обид Ҳомидов (кӯчаи Толстой), рӯ ба рӯйи осорхонаи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

“Обид Ҳомидов продюсер ва роҳбарӣ ҳақиқӣ буд. Замони сарварии ӯ дар “Тоҷикфилм” филмҳои маъруфу писандида – “Нисо”, Марги судхӯр”, “Рустам ва Суҳроб” ва ғайра наворбардорӣ шудаанд. Дар даврони шӯравӣ вазифаи продюсерӣ бар дӯши сарвари киностудия буд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод.

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus ба наздикону пайвандони Обид Ҳомидов изҳори таслият мекунад!

Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст. Солҳои 30-юм оилаи Ҳомидовҳо ба Душанбе кӯчида, Обид дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм кардааст ва муддате ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввали соли 1945 ба аскарӣ рафта, пас аз панҷ сол ба хона бармегардад.

Пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ Обид Ҳомидов дар соҳаи синамо ба фаъолият пардохта, баъд аз чанде нозири шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин мешавад.

Соли 1959 Обид Ҳомидов аввалин сарвари телевизиони Тоҷикистон таъин шуда, солҳои 60-ум ӯро ба кор дар киностудияи “Тоҷикфилм” мегузаронанд. Дар ин ҷо бо мусоидати ӯ филми “Парчами Кова” (коргардон Борис Кимёгаров), филми аввалин аз рӯйи асари Фирдавсӣ “Шоҳнома”, филми таърихии “Ситорае дар тирашаб” (коргардон Абдусалом Раҳимов) бахшида ба Аҳмади Дониш ва дигар филмҳо наворбардорӣ шуданд. Солҳои 70-ум Обид Ҳомидов ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарӣ кардааст.

Обид Ҳомидов 3 писар дорад, ки пешаи падарро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо Оқил Ҳомидов соли 1984 Донишкадаи давлатии умумиттифоқии кинематография (ВГИК)-ро дар Маскав аз рӯйи ихтисоси наворбардор-басаҳнагузорандаи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад хатм кард. Аз соли 1994 Оқил Ҳомидов дар Лаҳистон зиндагӣ дошта, ба киностудияи худаш роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.