Созишнома дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маъқул дониста шуда, рӯзи 7-уми ноябр барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ фиристода шуд.

Санади мазкур рӯзи 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд.

“Дар Созишнома имкони омодагии шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари иқомати ӯ барои кори муваққатӣ дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст”, - қайд мешавад дар маълумоти шарҳу тавзеҳи санад дар пойгоҳи электронии Думаи давлатӣ.

Ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳо дар мавриди ин масъала, аз ҷумла, воқифсозии аҳолӣ дар ин хусус, интихоби номзадҳои дорои касбу кори мувофиқ, тайёр кардану бозомӯзии номзадҳо, мувофиқаи онҳо бо корфармоён, ташкили сафари онҳо ба ҷойи кор, санҷиши онҳо дар масъалаи мавриди пайгарди мақомот қарор надоштан ва ғайра уҳдадориҳо вогузор шудааст.

Таъкид мешавад, ки амалисозии тадбирҳои мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кори муваққатиро дар Русия доранд, имкон фароҳам месозад.

Дар Созишнома шарти ҳатмии иштироки корфармо дар сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ҳамчунин анҷоми муҳлати амали иҷозатномаи кор, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки муташаккилона сафарбар мешавад, уҳдадор аст, дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад ва ё бар асоси иҷозатномаи амалкунанда ё дубора ба расмият даровардашуда назди корфармои дигар ба кор дарояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.