Аз 11 то 15-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя аз 50 нафар иборат аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати Ӯзбекистонро вазири фарҳанги ин кишвар Бахтиёр Сайфуллоев роҳбарӣ мекунад.

Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи ҳамсоякишвар, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” шомил мебошанд.

“12-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Ӯзбекистон дар назар аст. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мепазирад”, - омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Ӯзбекистон ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Зикр мешавад, ки шоми 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик барномаи Рӯзҳои фарҳангро боз ҳам рангинтар месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.