Шоми панҷшанбе, 14-уми ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба итмом расиданд. Дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ҳунармандони ҳар ду кишвар консерти бошукӯҳ намоиш доданд. Он бо навои “Дӯстӣ” дар усули шашмақом оғоз шуд.

“Барномаи консертӣ таассуроти бузург боқӣ гузошт. Бовар дорам, ки пас аз намоиши он тариқи телевизион ҳамаи аҳолии кишварамон аз гармии қалби меҳмонони дӯсту бародари мо бори дигар воқиф мешаванд. Онҳо натанҳо фарҳангу мусиқии худ, балки таронаҳои тоҷикиро низ хеле олӣ иҷро карданд”, - гуфт Аслиддин Низомов, мудири шуъбаи санъатшиносии АИ Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги ҳамсоякишварҳо дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд. Бори нахуст аҳли фарҳангу ҳунари ҳар ду кишвар соли 2017 ба меҳмонии ҳамдигар рафта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.