Ташкилоти ҷамъиятии хайрияи “Дилҳои кушода” дар ҳамдастӣ бо мағозаи ҳайвонот (зоомагазин)-и “Рекс ва Компания” рӯзи 23-юми ноябр барои кӯдакони махсус фестивали гурбаҳо гузарониданд.

Чорабинӣ аз шиносоӣ бо гурбаҳо оғоз гардид. Ба гуфтаи чанде аз волидон ва муассиси ташкилоти “Дилҳои кушода” Дилбар Қурбонова, бархе аз кӯдакони даъватшуда бори нахуст аз наздик бо гурбаҳо ошно шуданд.

“Рекс ва Компания” дар фестивал гурбаҳои ғайриодӣ ва зотиро пешниҳод кард, ки нархашон дар мағозаҳо аз 500 сомонӣ сар мешавад. Байни онҳо гурбаҳои бритониёии кӯтоҳпашм, форсӣ ва ҳатто сфинкс буданд.

“Кӯдакон хурсандона бо гурбаҳо бозӣ карданд. Аксари онҳо чунин гурбаҳоро бори авввал дида, бо онҳо аз наздик шинос шуданд”, - мегӯяд Дилар Қурбонова.

1/34

Ҳамчунин дар доираи фестивал озмуну викторинаҳо доир гардида, кӯдакон рақсу сурудхонӣ карданд. Дар фарҷом меҳмонони ҷашн гурбаеро бо номи “Гарфилд” беҳтарин донистанд.

Ташкилоти ҷамъиятии хайрияи “Дилҳои кушода” аз ҷониби волидони кӯдакони дорои синдроми Даун таъсис шуда, ҳадафи он дастгирии чунин волидон ва беҳбуди сифати ҳаёти кӯдакони махсус унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.