Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, тӯли 10 моҳи соли 2019 дар вилоят 343 нафар гирифторони нави ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

“Миёни онҳо 195 нафар мардон, 148 нафар занон ва 13 ноболиғ ҳастанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 330 чунин ҳолат вуҷуд дошт”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 22 нафар аз шумори умумии сироятёфтагон шахсоне мебошанд, ки бо сӯзандору маводи мухаддир истеъмол мекунанд, беш аз 300 нафар (87,8%) аз алоқаи ҷинсӣ, 10 нафар – тариқи аз модар ба кӯдак ва 4 нафар бо роҳи номаълум ба ангезандаи ин беморӣ гирифтор шудаанд.

“Аз соли 2001 то 31-уми октябри соли 2019 дар вилояти Суғд 2731 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 1687 нафарашон занон ва 1044 нафарашон мардон мебошанд”, - хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 39 гирифтори ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Дар давраи мазкур 782 нафар дар вилоят аз бемории пайдошудаи норасоии масуният фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.