Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) рӯзи 26-уми декабри соли 1991 дар робита ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ эъломия қабул кард.

Аз сокинони Душанбе дар бораи паҳлӯҳои мусбат ва манфии кору зиндагӣ дар даврони шӯравӣ пурсон шудем.

Тавре маълум шуд, аксари ҷавонон дар бораи Иттиҳоди Шӯравӣ аз нақли наздикону пайвандонашон огаҳӣ доранд. Шахсоне, ки он замон кору зиндагӣ мекарданд, хостори баргардонидани маорифу тибби бепули он давраанд.

Ба ҳар ҳол, қазоват аз Шумост:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.