Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Cоли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бо иди мазкур табрик кард.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, таъкид кардааст, руҳафтода нашуда, ба омӯзиши илму дониш машғул шавад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят ба Аниса Насимзода як ноутбук ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, изҳор доштааст, ки бигзор дар соли нав тамоми орзуҳои ӯ амалӣ шаванд.

Ёдрас мекунем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола аз роҳи оҳан гузаштанӣ шудааст, аммо пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и тепловоз талош кардааст, ки онро фавран боздорад, вале ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.