Вазорати тандурустии Тоҷикистон тартиби наверо ҷорӣ месозад, ки бояд пеш аз маросими мусулмонии хатна гузаронида шавад: ҳамаи кӯдакон бояд аз ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО / ВИЧ) ва гепатит гузаранд. Ин расмиёт бепул набуда, волидон бояд аз натиҷаи ташхиси супоридаи кӯдак маълумотнома пешниҳод кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Бибихонум Дарвешзода дар ин робита хабар дод, Вазорат ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ дастур додааст, ки пеш аз хатна аз волидон маълумотномаи натиҷаҳои ташхиси ВНМО ва гепатитро талаб кунанд.

“Соли 2018 бо фармони вазири тандурустӣ ҳуҷраҳои махсуси ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатна кушода шуданд. Ҳамон вақт ба табибон дастур дода шуд, ба кӯдаконе, ки натиҷаҳои ташхиси ВНМО ва гепатит намеоранд, амали хатна гузаронида нашавад”, - гуфт котиби матбуотии Вазорат.

Ба қавли номбурда, гузаштан аз ташхиси ВНМО ва гепатит пеш аз хатна пулакӣ буда, ин танҳо ба хотири солимии кӯдакон ва пешгирии бемориҳо анҷом дода мешавад.

“Тавре маълум аст, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон занон ҳангоми ҳомиладорӣ аз муоинаи табиб намегузаранд ва дар муассисаи тиббӣ худро ба қайд нагузошта, бархе дар хонаҳо таваллуд мекунанд, - қайд кард Дарвешзода. - Дар ин ҳолатҳо табибону волидон намедонанд, ки кӯдак ба чунин бемориҳо гирифтор аст ё на. Ин ташхисҳо ба саривақт ошкор кардани беморӣ мусоидат менамоянд”.

Моҳи феврали соли 2018 дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 586 ҳуҷраи махсуси ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон боз шуд. Соли 2019 беш аз 81 ҳазор кӯдак хатна шуданд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, маросими хатнаи кӯдак дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.