Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ним сол аккредитатсия ё парвонаи кор дод.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти вазорат рӯзи 21-уми январ гуфтанд, Барот Юсуфӣ (Бароталӣ Назаров), Орзуи Карим (Орзу Бедимоғов), Абдуғанӣ Баротов ва Салоҳиддин Мирзоев то 21-уми июни имсол ҳаққи кор кардан доранд. Ҳоло 7 корманди дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли гузашта парвонаи кори Барот Юсуфиро, ки муҳлати анҷомшавиаш то моҳи апрели соли 2020 буд, бозхонд кард. ​

Раҳбарияти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ ба манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр... зери фишори зиёд қарор гирифт".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.