Ба саҳифаи мо дар в Instagram 50 ҳазор нафар обуна шуданд. Шахси 50-ҳазорум Икром ном дорад. Мо суроғаашро ёфта, ӯро бо туҳфа сарфароз гардонидем.

Икром дар клуби шабонаи Manhattan дар Душанбе кор мекунад. Ӯ қаблан ҳам ба саҳифаи мо обуна буда, лекин смартфонаш вайрон шудааст. Ҳамон шаб ӯ обунаашро ба саҳифа барқарор кард. Мо ба ӯ боз як смартфони ширкати Huawei туҳфа кардем.

“Ин хеле ногаҳонӣ аст, фикр надоштам, ки обуначии ҷашнӣ мешавам ва туҳфа мегирам. Телефон дорам, инашро ба модарам ҳадя мекунам”, - гуфт ӯ.

Ба саҳифаи мо дар Instagram обуна шавед. Дар он шумо хабарҳои саривақтии рӯзмарра ва муҳим, сурату инфографикаҳо ҷолиб ва наворҳои шавқовари видеоӣ дарёфт карда метавонед. Instagram писандидатарин контенти мост. Обуначии 100-ҳазорумро низ туҳфа интизор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.