Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои маблағгузории сохтмони роҳи автомобилгарди 44-километраи M41, долони асосии нақлиётии кишвар, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Хитой мепайвандад, 150 миллион доллар қарз пешниҳод мекунад.

Илова бар сармоягузории мазкур, маблағгузории Бонки Осиёгии рушд ва Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ пешниҳод мегардад, ки якҷоя сохтмони роҳи муваққатии таворавиро дар қитъаи мавҷудаи роҳи М41, ки бояд дар робита бо бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар ин минтақа иваз карда шавад, маблағгузорӣ мекунанд.


Маблағгузорӣ дар соҳаи ҳамкории техникӣ ҷиҳати арзёбии хавфҳои алоқаманд бо тағйирёбии иқлим аз ҷониби Ҷумҳурии Чех пешниҳод гардид.

Лоиҳа инчунин барои занони маҳаллӣ манфиатҳои зиёди иқтисодӣ фароҳам меорад: дар қади роҳ барои беш аз 8 ҳазор соҳибкорзани водӣ панҷ минтақаи савдо бунёд мегардад. Ҳадди ақал 150 зан аз омӯзиши махсус дар самти баланд бардоштани малакаҳои тиҷоратӣ мегузарад.

Сармоягузориҳо ба беҳтар намудани таҷрибаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон аз ҳисоби афзундиҳии маблағгузорӣ ва тақвияти нерӯи институтсионалӣ бо дастгирии БАТР мусоидат мекунанд.

Дар қитъаи роҳи нав иншооте, ки масъалаҳои гендериро ба инобат мегиранд ва воситаҳои таъмини бехатарӣ низ сохта мешаванд: гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, чароғҳои роҳ, истгоҳҳо барои автобус ва ҳуҷраҳои махсуси оилавӣ дар истгоҳҳо барои истироҳат.


То имрӯз БАТР ба 133 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион евро маблағгузорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.