Ба Тоҷикистон 2 ҳазор тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус оварда шудааст. Ҳамчунин дар кишвар ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Масоили коронавирус зери назорати бевоситаи сарвари давлат аст, изҳор дошт дар нишасти хабарии рӯзи 6-уми феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода.

“Имрӯз то пагоҳ масъалаи аз шаҳри Ухани музофоти Хубей баровардани 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёне, ки дар он ҷо ҳастанд, дар назар аст. Имрӯз то пагоҳ онҳо дохили кишвар мешаванд”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Насим Олимзода афзуд: “Мо пурра омода ҳастем. Тавассути тайёра аллакай ба таври оперативӣ аз “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Русия 2 ҳазор системаҳои тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус овардем. Мо омодаем, ки пурра дар шароити Тоҷикистон ҳамин хел ташхис гузаронем”.

Дар биноҳои махсуси карантинии беморхонаҳои Тоҷикистон аллакай 645 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон чунин биноҳои махсуси карантинӣ барои қабули 4000 кас омода шудаанд. 

Ҳукумати кишвар боз кадом тадбирҳоро андешидааст ва хешовандони одамоне, ки дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд, чӣ мегӯянд – тафсилоти бештар дар ин видеогузориши Asia-Plus.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.