Бо супориши ҳукумати кишвар дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муассисаи нав таъсис дода шуд. Он ба ҳолати коршоям нигоҳ доштани нақбҳо, аз ҷумла, кори муназзами рӯшноидиҳӣ, софкунии ҳаво дар онҳо, инчунин берун овардани мошинҳои дармонда машғул хоҳад шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода хабар дод, дар муассисаи нав 18 нафар мутахассисон ба кор гирифта шуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо техникаи муосир, таҷҳизот ва сарулибоси махсус харида шудааст.

Ба гуфтаи вазири нақлиёт, басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ин муассиса тадриҷан зиёд мешавад.

Муассиса корҳои хизматрасониро дар нақбҳои «Хатлон», «Озодӣ», «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба уҳда мегирад.

“Назди муассиса вазифа гузошта шудааст, ки камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи нақбҳо, низомҳои софкунии ҳаво бояд доимо дар ҳолати коршоям қарор дошта бошанд”, - илова кард вазир.

Айни замон дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 4 нақб амал мекунанд, ки масофаи умумии онҳо беш аз 18 километрро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин нақбҳо ду даҳсолаи охир бо харҷи беш аз 250 млн доллар сохта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.