АНОНС

- IWPR Tajikistan рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба машғулият доир ба инъикоси масоили динӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби IWPR ва CABAR.asia таҳия шудааст, ба қаҳвахонаи Parking  даъват мекунад. Оғоз соати 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6966 сомонӣ;

1 евро – 10.5150 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1518 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – Анҷумани I-уми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар он нахустин Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул шуд.

2010 – Дар Душанбе 12 узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

1940 – Зодрӯзи шоира Ҳадиса Қурбонова.

1959 – Мавлуди ҳунарманди театр Фатҳулло Абдуллоев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи Президентҳо (Presidents' Day) ё худ “Рӯзи президентӣ” ҷашн гирифта мешавад. Бори нахуст он соли 1880 вақти ҷашни зодрӯзи Ҷорҷ Вашингтон – аввалин президенти ИМА таҷлил гардида буд.


Рӯзи беихтиёр зоҳир кардани меҳрубонӣ ва накӯкорӣ. Таърихи ин ҷашн аз ИМА сарчашма мегирад. Дар ин рӯз кӯшиш кардан лозим аст, ки бо ҳама беғараз ва беҳад меҳрубон бошед.


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 7-12 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрноки бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 11-16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук рӯзона 6-11° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрноки бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрноки бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7-9° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.