Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ба лоиҳаҳои амаликардаи худ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон боз як лоиҳаи дигар илова намуд.

Бо дастгирии ТИКА толори яке аз мактабҳои олии бонуфузи Тоҷикистон - Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ таъмиру навсозӣ шуд.

Толори конфронси донишгоҳ ҳамзамон калонтарин ауидитория (синфхона)-и ин муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.

Ғайр аз ин, дар ин бино ТИКА 2 синфхонаро пурра бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кард, ки дар он Маркази омӯзиши забони туркӣ (TÖMER) ба фаъолият мепардозад.

Лоиҳа ба беҳбуди шароити таҳсили донишҷӯён ва роҳандозии таълими забони туркӣ аз ҷониби омӯзгорон аз Туркия равона шудааст.

1/7

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.