Дар маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт то соли 2024 беш аз 100 км қубурҳои обгузар ва обпарто иваз шуда, барои сокинон 40 ҳазор адад ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ насб карда мешаванд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ зимни суханронӣ дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки муҳлати амалисозии лоиҳа давоми солҳои 2020-2024 дар назар буда, бо ин мақсад Бонки ҷаҳонӣ ба сифати грант 30 млн доллар ҷудо мекунад ва ҳиссаи шаҳрдории Душанбе ба 2 млн доллар баробар аст.

Дар лоиҳа ҳамчунин сохтмони иншооти обсофкунӣ (обтозакунӣ)-и “Варзоб” ба нақша гирифта шудааст.

Вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” якдилона маъқул шумориданд. Баҳри татбиқи ин лоиҳа БОР ба сифати грант 10 млн доллар маблағ ҷудо мекунад. Дар лоиҳа бунёди зерсохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.