Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардид.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.

Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати иштироки беш аз 50%-и раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешавад. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ имрӯз, 2-юми март маълум хоҳанд шуд.

Суратгузориш аз ҷараёни раъйдиҳии шаҳрвандон дар қитъаҳои интихоботии №2, №5-и шаҳри Душанбе ва №18 дар шаҳри Ҳисор.

1/21

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.