Моҳи март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувору сербориш пешгӯйӣ мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи воридшавии сиклонҳо аз минтақаи ҷанубу ғарб, дар муқоиса бо солҳои пешин моҳи марти имсола дар Тоҷикистон нисбатан гармтар меояд.

Боришоти моҳона аз меъёр зиёдтар пешбинӣ мешавад. Дар баъзе рӯзҳо ба амал омадани раъду барқ, фаромадани туман ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.

Аммо аллакай фардо, рӯзи 13-уми март пас аз сардиҳои якҳафтаина обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон гарм мешавад.

Рӯзҳои 13-14 март дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар буда, то 18 дараҷа гарм мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзҳои охир ақрабаки ҳароратсанҷ аз 10 дараҷа гармӣ боло намерафт.

Аллакай шурӯъ аз ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон обуҳавои то 23 дараҷа гарм пешгӯйӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки бар асари гармшавии обуҳаво ва боришоти зиёд дар ноҳияҳои кӯҳистон фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар шароити обуҳавои ноустувор, боридани барфу борон, яхбандӣ ва тармафароиҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор мегардад. Бо назардошти ин, ба мақомоти масъули вазъи роҳдорӣ дастур дода шудааст, ки бобати пешгирӣ ва рафъи ин ҳолатҳо пешакӣ омода шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.