Олимон ошкор кардаанд, ки ҳатто пас аз шифо ёфтан коронавирус дар ҷисми инсон боқӣ монда метавонад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо истинод ба таҳқиқоти олимон аз Донишгоҳи тиббии ҳарбии шаҳри Чунсини Чин иттилоъ медиҳад.

Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар шуши шахсоне, ки бемории коронавирусро паси сар кардаанд, ба мисли пешина боқӣ мондани зарраҳои вирус имкон дорад, ки бо тарзҳои маъмулии аз тест гузаштан ошкор намешавад.

Аз ҷумла, онҳо ҳодисаи бо як зани бемор рухдодаро омӯхтаанд, ки ӯ давраи муолиҷаро гузашта, се бор тест супоридааст, ки натиҷааш манфӣ баромад. Занро аз томографияи компютерӣ гузаронида, ба ҷавобдиҳӣ тайёр карданд, аммо рӯзи дигар ӯ аз сактаи қалб фавтид.

Пас аз кушодани ҷисми зан олимон дар бофтаҳои шуш зарраҳои коронавирусро ошкор караанд, ҳарчанд онҳо дар бофтаҳои ҷигар, дил, рӯда ва мағзи устухон вуҷуд надоштанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи пизишкон, бофтаҳои пинҳон дар шуш аз ҳеҷ гуна аломатҳои возеҳ гувоҳӣ намедоданд.

Муҳаққиқон чунин мепиндоранд, ки ин баёнгари сабаби ҳодисаҳои такроран ошкор шудани коронавирус дар беморонест, ки аз рӯйи ҳамаи аломатҳо шифоёфта дониста мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.