Ба суратҳисоби хайрияи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 12-уми май наздики 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар маблағ ворид шудааст. Дар ин бора котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳамчунин ниҳодҳои молии байнулмилалӣ кумак мекунанд. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ 11,5 миллион доллар барои вокуниш ба хатари пандемияи COVID-19 ҷудо мекунад. Ин маблағ барои харидории маҷмӯи тестҳо, воситаҳои муҳофизат ва омӯзиши кормандони тиббӣ масраф мешавад.

Ҳамчунин дар Вазорат қарзи бефоизи 189,5 миллион долларро зикр карданд, ки рӯзи 6-уми май аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор тасдиқ шуд. Он ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет дар робита ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ёдрас мекунем, ки суратҳисобҳои хайрия аввали моҳи апрел “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” кушода шуданд. Суратҳисобҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ боз шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 12-уми май дар Тоҷикистон 729 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 23 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.