Шоми дирӯз ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Маскав парвоз кард.

“Он соати 19:00 аз фурудгоҳи пойтахт парвоз карда, соати 4-и субҳи рӯзи дигар боз ба Душанбе бармегардад”, - иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ аз масъалаи “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки бо ин ҳавопаймо муҳоҷирони тоҷики дар марказҳои нигаҳдории муваққатӣ қарордошта, ҳамчунин ҷасади тоҷикистонёи фавтида аз Русия ба ватан оварда мешаванд.

“Ин хатсайри чартерӣ буда, ҷасадҳои тоҷикистониёни фавтида, инчунин муҳоҷирони дар қабулгоҳҳои махсус қарордошта, яъне ихроҷшударо ба Тоҷикистон меорад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.