Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” рӯзи 19 май ба раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба маблағи 122 ҳазору 646 сомонӣ кумак расонид.

Кумак аз воситаҳои инифиродии муҳофизатӣ, маводи безараргардонӣ ва лавозимоти тиббӣ иборат аст.

Аз ҷумла Сарраёсат 100 либоси муҳофизатӣ (комбинезон), 100 айнаки тиббии муҳофизатӣ, беш аз 50 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои гуногун, пойафзол (бахил)-и яккаратаи полиэтиленӣ, 1 ҳазор респиратор,  1400 маҳлули безараргардонии спрей, 2 ҳазор собуни хоҷагӣ, 5 ҳароратсанҷи инфрасурх, 100 литр спирти этилии тиббии 95%, 5 дезоратор барои безараргардонӣ ва 43 чароғи шуъои ултрафиолетӣ кумак гирифт.

1/3

Кумак дар доираи Лоиҳаи “Пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Низоми иҷрои ҷазои ҷинятии Вазорати адлияи Тоҷикистон”, ки аз ҷониби шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, расонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.