Осама Маккави Когалӣ Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъин шуда, ба иҷрои вазифаҳои худ аз 27 май шурӯъ кард.

“Таъин шудан дар ин вазифа дар Тоҷикистон барои ман шараф аст. Ман дар бораи ин кишвари зебо ва мардуми меҳмоннавоз суханҳои бисёр шунидаам. Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон бо Ҳукумати ин кишвар дорои муносибати хуби корӣ аст ва умедворам, ки дар давоми фаъолияти ман дар Тоҷикистон, ин ҳамкорӣ боз ҳам қавитар мегардад”, - гуфтааст Маккави Когалӣ.

Ӯ дорои таҷрибаи байналмиллалии зиёда аз 25-сола дар самти вокуниши башардӯстона ва рушд, аз ҷумла собиқаи корӣ бо ЮНИСЕФ ва ҳукумати Нидерландия аст. Дорои дараҷаи магистри илмҳо оид ба Иқтисодиёт аз Донишгоҳи Бародаи Ҳиндустон ва дараҷаи бакалаври Санъати Донишгоҳи Удайпури Ҳиндустон буда, дар таҳия ва идоракунии барнома, ҷалби маблағгузорӣ, ва бунёди ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, СММ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ва шарикони рушд таҷрибаи назаррас андӯхтааст.

Қабл аз таъинот дар ин вазифа, Когалӣ дар Черногория ба ҳайси 3-юмин Намояндаи ЮНИСЕФ дар кишвари мазкур, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар дар 2006, фаъолият кардааст. Ӯ инчунин ба ҳайси Намояндаи дафтари давлатии ЮНИСЕФ дар Умон (2013 то 2017); Муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ироқ (2009 то 2013); Мутахассиси фавқулодаи минтақавии ЮНИСЕФ дар Шарқи Миёна ва дафтари минтақавии Африқои Шимолӣ (2006 то 2009); ва Ҳамоҳангсози асосии ҳолатҳои фавқулодаи ЮНИСЕФ дар Покистон (2005 то 2006) ва дигар вазифаҳо бо Дафтари давлатии Покистон (2001 то 2005) ифи вазифа кардааст. Ҳамчун шаҳрванди Судон, Когалӣ соли 1992 собиқаи кории худро бо ЮНИСЕФ оғоз намуд ва то 1998 фаъолият кард. Берун аз ЮНИСЕФ, байни солҳои 1998 ва 2001 ба ҳайси Маслиҳатчии рушд ва кӯмак дар сафоратхонаи Подшоҳии Нидерланд дар Судон кор кардааст.

Осама Маккави Когалӣ оиладор ва падари чор фарзанд мебошад.

Когалӣ ҳамчун Намояндаи нави ЮНИСЕФ Лучиано Калестиниро, ки ба фаъолияти корӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон моҳи апрели 2020 хотима бахшид, иваз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед