Ҷасади донишҷӯи тоҷикро, ки дар Уфа ҳангоми наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ ҳалок шуд, имрӯз ба Душанбе меоранд. Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон расонда шудааст.
“Мо ҷасадро бо мошин ҳанӯз13 инюн фиристода будем, лекин дар сарҳад иҷозати гузаштан надоданд, зеро дар ронанда ҳарорати баланд ошкор шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Эмом Саид Давлат.
Бино ба гуфтаи ӯ, бинобар ин, ронандаи дигар киро шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯ тахт шудааст.
“Баъди чанд соат мо иҷозаи гузаштани сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистонро мегирем. Бо мусоидати сафорати мо дар Тошканд мошинро бо ҷасад то сарҳади Тоҷикистон кормандони Нозироти давлатии автомобилии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекунанд”, - иттилоъ дод консули генералӣ.
Зикр шуд, ки ҳукумати Бошқирдистон ҳамаи хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасади Ҳоҷимуродро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ваъда додаанд, ки пас аз анҷоми тафтиши қазия барои пайвандону наздикони Ҳоҷирмурод Қаландаров бо пул кумак мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон Ҳоҷимурод Қаландаров ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух дод. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун оварда, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.