Рӯзи байнулмилалии мусиқӣ - Fête de la Musique дар Тоҷикистон дар шакли диҷитал тариқи реҷаи вақти воқеӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба фестивал рӯзи 21 июни соли равон сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар соати 18:00 дар шабакаи Фейсбуки Маркази фарҳанги “Бактрия” (www.facebook.com/bactriacc) ҳусни оғоз мебахшад.

Байни иштирокчиёни фестивал Prooftj, Мавзуна Шарафӣ, Фирдавс Исоев, Матеуш, DjJova, ки навъҳои мусиқиро аз хаус то этникии вобаста ба шарқ пешниҳод мекунанд, ҳузур доранд.

Шурӯъ аз соли 2003 - 18 сол инҷониб пайдарпай Маркази фарҳанги “Бактрия” бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Рӯзи байнулмилалии мусиқиро дар Тоҷикистон ташкил мекунад.

Fête de la Musique (аз фаронсавӣ. — «Иди мусиқӣ», (бо номи “Рӯзи мусиқӣ”, «The World Music Day» низ вомехӯрад) — фестивали мусиқиест, ки ҳамасола 21 июн - рӯзи баробаршавии рӯзу шаб гузаронида шуда, ба тарғиби мусиқӣ миёни аҳолӣ равона шудааст. Бори аввал соли 1982 бо ташаббуси вазири фарҳанги Фаронса Жак Ланг доир гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.