Бонки ҷаҳонӣ барои кумаки яквақтаи молиявӣ ба наздики 50 ҳазор оилаҳои камбизоати Тоҷикистон бо кӯдакони хурдсол маблағ ҷудо карда, онҳо ба сифати ёрии таъҷилии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ (ҳудуди 50 доллар) кумаки яквақтаина мегиранд.

Кумаки якдафъаинаи молиявиро оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони синни то 3-сола доранду дар давраи пандемияи коронавирус бештар осебпазир шудаанд, гирифта метавонанд.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабаргузории “Авеста” ин масъаларо шарҳ додааст.

Онро ҳукумат тақсим мекунад

Кумаки зикршудаи яквақтаинаи молиявиро оилаҳои дорои кӯдакони синни то 3-сола, ки дар Низоми ягонаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун гирандагони кумаки иҷтимоӣ сабт шудаанд, гирифта метавонанд.

Оилаҳои камбизоат бо кӯдакони хурдсол (то 3-сола) дар 28 шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҳо механизми таъин ва пардохти кумаки суроғавии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ мегардад, аз моҳи минбаъда кумаки яквақтаинаи пулиро дастрас карда метавонанд.

Чӣ пешниҳод кардан лозим аст?

Барои дастрас кардани кумаки яквақтаи иҷтимоии пулӣ сарвари оила, ки ба дараҷаи дар боло зикршуда муносиб меояд, бояд ба намояндагии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ дар маҳалҳо муроҷиат карда, бо худ бояд чунин ҳуҷҷатҳоро дошта бошад:

– Ариза дар бораи таъини кумаки иҷтимоии суроғавӣ (таъинотӣ);

– Маълумотнома (справка) дар бораи даромад ва амволи оила;

- Маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- Нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои оила, шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдакон, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ (агар як ё якчанд аъзои оила маъюб бошанд).

Кумаки якдафъаинаи пулӣ ба маблағи 500 сомонӣ танҳо дар давраи эпидемияи COVID-19 ба оилаҳое дода мешавад, ки ба шартҳои дар боло зикршуда муносиб меоянд.

Кӣ пул медиҳад

Тавре қаблан зикр гардида буд, пардохти ин маблағҳо дар доираи “Лоиҳаи фавқулодаи мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон” (TEC-19) анҷом дода мешавад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, ба дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар вокуниш ба хавфҳо барои солимӣ ва хавфҳои иҷтимоии марбут ба пандемияи глобалии COVID-19 равона шудааст.

Дар марҳилаи аввал 17 000 оила дар 40 ноҳияи кишвар фаро гирифта мешаванд, ки айни замон ба низоми нави Кумаки иҷтимоии таъинотӣ дохиланд. Муддати 6 моҳи минбаъда ҳамагӣ наздики 50 000 оилаҳои камбизоат ба ин кумакпулӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.