Рӯзи 28 июн соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пӯшида шудани мавсими театрӣ таҳти унвони “Дар олами мусиқӣ” консерт барпо мешавад.

Чорабинӣ бо иштироки оркестри симфонӣ, солистони опера, хор ва балети театр баргузор мешавад.

Дар саҳифаи театр дар Facebook гуфта мешавад, даромадан ба театр қатъиян бо риояи ҳамаи меъёрҳои назорати санитариву эпидемиологӣ сурат мегирад. Бе ниқоб даромадан намемонанд.


Билетҳо ҳамарӯза дар фурӯшгоҳ (каасаҳо)-и театр аз соати 09:00 то 17:00 фурӯхта мешаванд. Арзиши билет барои 1 нафар - 20 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал бо телефони 221 62 91 (сомона: www.operabalet.tj).

Театри опера ва балет алҳол ягона театрест, ки дар он ба пешкаш кардани намоишҳо шурӯъ карданд.

Дар Театри давлатии русии ба номи Маяковский хабар доданд, ки дар театр кор мекунанд, лекин ин ҳоло танҳо машқу тамрин буда, намоишҳо нестанд.

“Мо спектаклҳо намоиш надодем, лекин машқу тамринҳо ҷараён доранд. Ба наздикӣ ба рухсатӣ мебароем. Ба назарам, моҳи сентябр ба намоиш додани спектаклҳо оғоз мекунем”, - гуфт муовини директори театр Гулнора Аҳмедова.

Айни замон Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳам кор намекунад.

“Ду моҳ инҷониб бо сабаби эпидемияи коронавирус дар кишвар театр кор намекунад ва аз 6 июл кормандон ба рухсатӣ мебароянд. Шояд 10 ё 13 август ба кор сар кунем. Алҳол дар бинои театр мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд”, - хабар дод корманди ин театр.

Дар Театри давлатии лӯхтак ва Театри драмавии ба номи А.Лоҳутӣ замони таҳияи мавод касе ба зангҳои телефонӣ ҷваоб намедод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.