Раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ташаббуси худ лоиҳаи навсозии майдони ба номи Садриддин Айниро дар пойтахт фармоиш додааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳа барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, сарвари давлат онро дастгирӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ ороиш (дизайн), фаввораҳо, пиёдароҳҳо ва мавзеи сабзазори майдон тағйир дода мешавад.

Ғайр аз ин, гузаргоҳи зеризаминие, ки майдонро бо бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (собиқ бинои Осорхонаи милии Тоҷикистон) пайваст мекунад, навсозӣ мешавад.

“Ҷойи ҳайкалҳо дар майдон мисли пешина боқӣ монда, онҳо бо навашон иваз намешаванд ва дигар ҳайкалҳои нав ҳам дар майдон гузошта намешаванд”, - қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи хароҷоти корҳои таъмиру навсозии майдони мазкурро КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба дӯш гирифтааст.

Майдон соли 1978 ба ифтихори таҷлили ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ - асосгузори адабиёти муосири тоҷик ифтитоҳ шуд. Дар атрофи муҷассамаи Айнӣ ҳайкалу нимпайкараҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ қомат афрохтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.