Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон аз Ҳукумати Лаҳистон (Полша) кумаки мавод барои ҳолатҳои фавқулодда ва доруворӣ ба маблағи 50,000 доллари ИМА гирифт, ки барои пешгирӣ ва паст кардани паҳншавии сирояти КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Маводҳои мазкур, ки иборат аз 1,000 адад Pro-TEX, 7050 адад таҷҳизотҳо барои муҳофизати инфородӣ ва 128 қуттии дастпушакҳои нитрилӣ, дар доираи дастгирии давомдор дар самти чораҳои вокуниш ба сирояти КОВИД -19 аз ҷониби Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта шуданд. Ҳамин тариқ, кумаки мазкур ба шарикони институтсионалӣ ва ҷамоавии зерҳадаф дар саросари мамлакат, аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сар карда, тақсим карда мешавад.

Директори Иҷроияи Агентии Оғо Хон оид ба макони зист, Ҳадӣ Ҳусанӣ ин хайрияро аз ҷониби сардори гуруҳи идоракунии ҳолатҳои фавқулоддаи Лаҳистон (EMT), доктор Вожтек Вилк ва Роҳбари Маркази Лаҳистон оид ба кӯмаки байналмилалӣ қабул кард. Ҳусанӣ муҳимияти ин хайрияро қайд намуда, чунин таъкид намуд: “Гуруҳҳо ва ризокорони Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дастаҷамона бо меҳнати баланди худ дар ҷамоатҳои саросари кишвар фаъолият намуда барои таъмин намудани кумаки зарурӣ дар самти ташкил намудани марказҳои карантинӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тақсим намудани маводҳои кумаки башардустона ва дорувории ҳайётан муҳим саҳми худро гузоштанд. Аз ҳамин лиҳоз, шарикӣ бо Ҳукумати Лаҳистон нишонаи масъулияти ҷомеаи байналмиллалӣ барои дастгирии халқи Тоҷикистон барои мағлуб кардани ин сироят дар якҷоягӣ мебошад ”.

Доктор Вилк аз ҷониби худ масъулияти Ҳукумати Лаҳистонро барои кумак дар самти идоракунии сирояти КОВИД -19 дар Тоҷикистон баён намуда аз дастгирии беморхонаҳо ва марказҳои тиббии ВМКБ аз ҷониби гуруҳи тиббии таъҷилии Лаҳистонӣ ибрози сухан намуд. “Дар ин вақтҳои мушкил, ки сарҳадҳо пушида, фурудгоҳҳо аз фаъолият боз дошта шуданд ва парвоз манъ карда шудааст, мо изҳории миннатдории худро ба Ҳукумати Лаҳистон барои таъмин намудани дастгирии лоҷистикӣ ба гуруҳи тиббии таъҷилӣ байён менамоем. Бе таъмини нақлиёти ҳавопаймоӣ мо наметавонистем, ба Тоҷикистон бо ёрии таъҷилии тиббӣ ва таҳвили маводҳои тиббӣ сафар кунем. Сипосгузории худро низ ба меҳмоннавозии мардум ва кормандони тибби шаҳри Хоруғ, ноҳияи Мурғоб ва ҷойҳои дигари ВМКБ, ки мо онҷо кор кардем, изҳор менамоем” – гуфт доктор Вилк. “Умедворам, ки дастгирии табибони лаҳистонӣ як намунаи  ҳамбастагии устувор, ки нишон дод, ки шумо дар мубориза бо ин сирояти даҳшатангез танҳо нестед”.

Чун Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва дигар оҷонсиҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд сафарбаркунии захираҳо, такмили қобилият ва тақсим намудани маводҳои ҳайётан муҳимро барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти идоракунии вазъияти фавқулоддаи вобаста ба сирояти КОВИД-19 давом медиҳанд, кумакҳо ба монанди дар боло зикршуда ҳаётан муҳим мебошанд.

Маълумот оид ба Агентии Оғохон оид ба макони зист

Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон  дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғо хон, Фонди Шоҳзода Садриддин Оғо хон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд. Тавассути агентиҳои пешгузаштаи худ, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғохон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушду равнақ карда метавонанд, таъсис дода шудааст.

Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ба таъмин намудани он равона шудааст, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар чунон шароити физикие умр ба сар баранд, ки онҳоро то ҳадди имкон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад; сокиноне, ки дар минтақаҳои дорои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд, ба рафъ намудани офатҳо аз ҷиҳати омодагӣ ва посух қодир бошанд; ва чунин шароит дастрасӣ ба он гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва молиявиро фароҳам оранд, ки боиси пайдо шудани имконоти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ мегарданд. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизитсон ва Ҳиндустон мебошанд. 

Маълумот дар бораи Маркази кумаки байналмиллалии Лаҳистон

Маркази кумаки байналмиллалии Лаҳистон кумаки башардӯстонаро ба гурезагони Сурия дар Лубнон,  кумак ба Судони Ҷанубӣ, ки ба гуруснагӣ ва қаҳтӣ ру бу ру аст ва инчунин  кӯмак дар барқароркунӣ / гузариш дар Лубнон ва Ироқ тавассути Фонди Боварии “MADAD” пешниҳод мекунад. Маркази мазкур инчунин кӯмак барои рушдро дар Эфиопия, Кения, минтақаҳои ишғолшудаи Фаластин ва Гурҷистон ва кумаки наҷотбахши қурбониёни офатҳои табиӣ тавассути Гурӯҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда / Намуди 1  Гурӯҳи тиббии таъҷилӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.