Дар назди Агентии назорати маводи нашъаовар Маркази таълимии кинологӣ фаъолият дорад. Ин ҷо ба сагҳо тарзу усули дарёфти маводи нашъаовар омӯзонида мешавад. Масалан, соли гузашта сагҳои хизматӣ дар ҳашт амалиёт иштирок карда, беш аз ним тонна маводи мухаддирро ошкор кардаанд.

“Мо онҳоро аз думоҳагӣ омӯзиш дода, аллакай дар шамоҳагиашон ба кор ҷалб мекунем”, - гуфт сарнозир-кинолог Мирзоалӣ Каримов, ки собиқаи 10-солаи корӣ дорад.

Дар маркази таълимӣ бо чор зоти сагҳо - овчаркаи олмонӣ, овчаркаи белгиягии малинуа, спаниели русӣ ва зоти аз ҳама фаъоли кокер-спаниели англисӣ кор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.