Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ минтақаи фарогирии интернети мобилии 4G-ро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон васеъ намуд. Даҳҳо ҳазор сокинони вилоят имкон доранд, ки хизматрасониҳои интернети мобилиро бо суръатҳои баландтар истифода намоянд.

Дар рафти корҳои техникии тобистона дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби оператор пойгоҳҳои нави базавӣ насб карда шудаанд. Аз ҷумлаи ин ҳудудҳо – шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Технологияҳои аз ҷониби муҳандисони ширкат истифодашуда на танҳо ба баландшавии суръати дастрасии мобилӣ, ки афзалияти асосии шабакаи 4G маҳсуб меёбад, мусоидат намуд, балки инчунин ҳиссаи пайвастагиҳои бомуваффақияти овозӣ ва интернетиро низ зиёд намуд.

“Ҳамаи лоиҳаҳои техникӣ ду мақсад доранд: баландбардории сатҳи устувории хизматрасониҳо ва васеъкунии ҳудуде, ки дар он хизматрасониҳои мазкур ба сокинони Хатлон дастрас мебошанд. Одатан чунин корҳо барои муштариён ноаёнанд, зеро дар он вақте гузаронида мешаванд, ки истифодабарандагони интернет дар шабака хеле каманд. Лекин натиҷа барои ҳама писанд аст. Сифати беҳтари “овоз”, суръатҳои баландтари интернет, пайвастагии устувор дар вақти зангҳо – ҳамаи ин дастовардҳое мебошанд, ки мо ҳангоми инкишофи шабака ба онҳо ноил шудем”, - мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.