Дар бетартибиҳое, ки рӯзи 13 июл аз ҷониби бинокорони корхонаи коркарди гази Амур содир шуд, наздики 300 нафар иштирок крадаанд.

Тавре РБК хабар медиҳад, муҳоҷирон дафтари кории ширкатеро, ки паймонкори бунёди корхонаи коркарди газ аст, вайрон кардаанд.

Раёсати минтақавии тафтишоти Кумитаи тафтишот сабаби ошӯбро мушкили пардохти маош унвон мекунад. Аз рӯйи далели содир гардидани бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, сабаби мухолифат баҳсҳо байни коргарони Renaissance Heavy Industries ва раҳбарияти он дар мавриди мукофотпулии иловагӣ аст.

Навори видео аз ин ошӯбро портали АСН24 нашр кардааст.

“Ташкилоти паймонкор (Renaissance Heavy Industries) “саривақт ва мунтазам маблағи иҷрои корҳоро дар доираи уҳдадориҳои шартномавӣ аз рӯйи лоиҳа мегирад”, - хабар медиҳад манбаъ.

Дар корхонаи коркарди гази Амур таъкид доштаанд, ки ширкатҳои идоракунандаи лоиҳа назди Renaissance Heavy Industries қарзе надоранд.

Бино ба маълумоти торнамои Vesti.ru, коргарон баланд бардоштани маош ва пардохти онро дар се моҳи карантин талаб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.