Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошт, ки моҳи май табибон дар ӯ бемории илтиҳоби шушро ошкор карда, дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд. Сирояти коронавирус дар ӯ ошкор нашудааст.

“Қисмате аз доруҳоро худам харида, қисмати дигарашро беморхона таъмин кард”, - қайд кард прокурори генералӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки табобати сирояти коронавирус дар беморхонаи Тоҷикистон комилан бепул гузаронида мешавад.

“Овозаҳои аз ҳисоби худи беморон харида шудани маводи тиббӣ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии ҳайати тиббӣ беасосанд. Мақомоти прокуратура ягон чунин далел ошкор накарда, ягон муроҷиате ҳам дар ин бора ба мо ворид нашудааст”, - гуфт ӯ.

Прокурори генералӣ овозаҳои ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи аз хориҷа ба кишвар воридмешударо низ рад кард.

Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки пас аз сабти расмии сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ танҳо аз ҷониби мақомоти прокуратура баҳри пешгирии он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ беш аз ҳазор таъиноту фармоиш равона шудааст.

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар мавриди риояи меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ танҳо аз моҳи май то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.