Се нафар кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус сироят ёфтаанд.

“Тестҳое, ки аз ин се нафар кормандон гирифта шуданд, натиҷаи мусбат доданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Маскав аз сафорат дархост намудааст, ки рӯйхати касони бо онҳо алоқадоштаро пешниҳод кунанд.

“Ҳукумати шаҳри Маскав сафоратро ба карантин баста метавонад. Айни замон ҳамаи кормандони сафорат тести ташхиси коронавирус супориданд. Натиҷаҳои он алҳол маълум нест", - иттилоъ дод манбаъ.

Зикр шуд, ки чанд рӯз қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ назди муҳоҷироне, ки пеши бинои сафорат ҷамъ омада буданд, аз онҳо даъват кард, ки масофаро байни ҳамдигар риоя намуда, ниқоб пӯшанд ва бидуни зарурати муҳим назди сафорат ҷамъ наоянд.

скриншот аз навори видео

Ба иттилои манбаъ, дар ин суханронӣ сафир хабар додааст, ки таби се нафар кормандони сафорат баланд шудааст.

“Бо хатсайрҳои чартерии пешбинигардида мо наметавонем ҳамаи 8 ҳазор нафар шаҳрвандони муроҷиаткардаро ба ватан баргардонем. Дар навбати аввал шахсони пиронсол, беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомиладор ва шахсони дар сафарҳои хизматӣ дармонда фиристода мешаванд. Айни замон таби се нафар кормандони мо баланд шуда, онҳо бистарианд”, - изҳор доштааст сафир назди муҳоҷирони ҷамъомада.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ин маълумотро ба “Азия-Плюс” инкор ҳам накарданду тасдиқ низ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.