Дар Тоҷикистон хати телефони фаъол барои гирифтани кумаки таъҷилии равонӣ ба кор даромад. Сабаби ифтитоҳи хадамоти зикршуда ошкор шудани ҳолатҳои афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ дар аҳолӣ, бахусус дар замони паҳншавии коронавирус мебошад.

Моҳи июл ташкилоти ҷамъиятии “Маркази кумаки равонӣ” бо дастгирии ЮНИСЕФ амалисозии лоиҳаеро доир ба масъалаи пешгирии рафтори ба худкушӣ нигаронидашуда байни ҷавонони синни то 19-сола роҳандозӣ намуд.

Дар доираи лоиҳа барои равоншиносони мактабҳо, табибони оилавӣ, ки бояд аломатҳои рӯҳафтодагиро дар наврасон мушоҳида кунанд, тренингҳо гузаронида мешавад.

“Яке аз самтҳои кор ифтитоҳи телефонҳои боварӣ барои кумаки таъҷилии равонӣ мебошад. Дар хати алоқа 15 нафар мутахассисон, 3-тогӣ аз ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ қарор мегиранд. Дар сурати зарурат равоншинос метавонад ба мизоҷ бо хоҳиши худаш машварату тавсияҳо диҳад. Занг ба ин рақамҳо махфӣ буда, кумак бепул аст”, - мегӯяд роҳбари марказ Нафиса Юнусова.

Рақами телефонҳо

Дар сурати зимни суҳбат ошкор шудани ҳолатҳои зӯроварии шаҳвонӣ ё гендерӣ, равоншиносон барои ҷалби минбаъдаи ҳуқуқшинос ё корманди ташхиси судӣ-тиббӣ бо коршиносони хати фаъол (31 31) дар тамос мешаванд.

Ба гуфтаи Нафиса, бо вуҷуди барои наврасони синни то 19-сола пешбинӣ гардидани лоиҳа, шахсони ҳама гуна синнусол, ки аломатҳои афсурдаҳолӣ, инчунин аз коргонавирус ҳарос доранд, занг зада метавонанд. Ба ҳама кумак расонида мешавад.

ТҶ “Маркази кумаки равонӣ” соли 1997, замоне, ки бо ташаббуси омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаи омӯзгорӣ кабинети кумаки равонӣ боз шуд, таъсис ёфт. Пас аз иштирок дар конфронси байнулмилалӣ бо талошҳои доктори улуми равоншиносӣ Нафиса Юнусова марказ мақоми ҳуқуқӣ гирифт.

РАҚАМИ ТЕЛЕФОНҲО ДАР ҶАДВАЛ ОВАРДА ШУДААСТ


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.