Ровии 56-солаи шабакаҳои телевизиони Русия Александр Гордон аз ҳамсараш - Нозанин Абдулвосиеваи 26-сола бо ду писараш ҷудо шуд.

Тавре "Московский комсомолец" хабар медиҳад, ин ҷуфт оромона ва бе шӯру валвала дар ВАО ҷудо шуда, ташаббускори ҷудошавӣ зан будааст.

Моҳи июн Абдулвосиева барои ҷудошавӣ ариза дода, 17 июл - дар рӯзи ба синни 26-солагӣ расидани Ноза суди ноҳияи Пресненский ақди никоҳи ӯро бо ровии телевизион расман бекор кард.

“Байни ҳамсарон ҳеҷ даъвоҳо ҷой надошта, ҳамаи масъалаҳои вобаста ба алименту амволро онҳо бо тартиботи тосудӣ ҳал карданд” - менависад нашрия.

Қобили зикр аст, ки Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари маъруф Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар мебошад. Ӯ дар синни 20-солагӣ ба Александр Гордони 50-сола ба шавҳар баромада буд. Нозанин хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.