Оператори пешсаф ва навовари кишвар - ширкати Tcell дар маркази пойтахт шабакаи Ҳақиқии насли нав- 5G- ро фаъол кард!
Ширкати Tcell, ҳамчун ширкати пештозу навгаро мутобиқсозӣ ва татбиқи амалии пешрафтҳои бузурги технологиро ба нафъи сокинон ва бахши тиҷорат аз ҷумлаи вазифаҳо ва рисолати аслии худ интихоб кардааст. Дар гузаштаи начандон дур, Tcell нахустин ширкате гардид, ки дар Тоҷикистон технологияи 3G и 4G роҳандозӣ кард ва ин анъанаро идома дода, дар ҳоли ҳозир навтарин фанноварии ҷаҳонӣ дар бахши иртибот, стандарти алоқаи насли нав – 5G-ро ба кор андохт!
Татбиқ ва воридсозии 5G ба Tcell имкон медиҳад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон заминаи ҷадиди технологиро фароҳам созад. Ин замина ва ё ба истилоҳ асоси воқеъӣ дар оянда уфуқҳои навро барои бахши нави тиҷорати рақамӣ, ки дар Тоҷикистон рӯ ба рушд дорад, боз менамояд ва бо ин васила такони наве ба рушди иқтисоди диҷитол (рақамӣ)-и кишвар хоҳад бахшид.
«Ҳоло хеле мушкил аст, ки дунё бо ин гуна суръат то куҷо ва чӣ тавр тағйир меёбад. Платформаи 5G барои ифтитоҳи тиҷоратҳои нав, заминаҳои ҷадиди иқтисодӣ ва стартапҳои нав такон мебахшад. Пайдоиши шабакаи 5G гузариш ба IoT — «Интернети ашё». (шабакаи ашё ("чизҳо")-ро, ки бо технологияи барои ҳамхонӣ бо ҳамдигар ва ё муҳити беруна муҷаҳҳаз шудаанд, ба истиснои иштироки инсон- эзоҳ аз идора) метезонад. 5G ба маориф, тандурустӣ, саноату иқтисодиёт дар маҷмӯъ имкониятҳои васеи иқтисодиро муҳайё месозад",- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.
Барои корбарони оддӣ, 5G алоқа(хидматрасоние)-ро пешниҳод менамояд, ки дар қиёс ба технологияи феълии LTE чанд баробар афзалият дорад.Ин ба он маъност, ки филмҳои Full High Definintion (Full HD)-ро дар чанд сония ба таҷҳизоти мобилӣ гузаронидан (боргирӣ кардан) имкон доре
Барои татбиқ ва амалисозии ҳаматарафаи стандарту алоқаи 5G, ширкати Tcell бояд кори зиёдеро анҷом диҳад ва сармоягузорӣ намояд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Tcell ҳамчун оператори пешсафу навовари Тоҷикистон, бовар дорад, ки насли 5G дар дуриҳо нест ва дар ояндаи наздик ҳамаи муштариён, тоҷикистониён ва меҳмонони кишвар аз имкониятҳои ин падидаи ҷадиди технологӣ истифода хоҳанд кард.

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.