Веб-форум оид ба ҳуқуқҳои инсони Самарқанд зери унвони “Ҷавонон 2020: ҳамраъйии глобалӣ, рушди устувор ва ҳуқуқҳои башар” рӯзҳои 12-13 август дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Чорабинӣ аз ҷониби Маркази миллии ҳуқуқи инсон ва Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, СММ, САҲА ва Фонди ба номи Ф.Эберт ташкил мегардад.

Форум дар доираи амалисозии ду ташаббуси муҳими байнулмилалии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев - роҳандозии форуми доимо амалкунандаи Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон ва таҳияи Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҷавонони СММ доир мегардад.

Ин ташаббусҳо дар доираи иштироки сарвари давлати Ӯзбекистон дар кори иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2017 пшниҳод шуда буданд.

Дар Форуми Самарқанд лоиҳаи Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои ҷавонони СММ, ки санади нави бозгӯкунандаи ҳуқуқҳои махсуси ҷавонон буда, ба эътирофи ҷомеаи байнулмилалӣ дар замони муосир зарурат дорад, баррасӣ мешавад.

Форуми Самарқанд идомаи мантиқии Форуми Осиё оид ба ҳуқуқи инсон аст, ки бо ибтикори президенти Ӯзбекистон рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2018 дар Самарқанд зери унвони “Натҷаҳои 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар: чолишҳои замон ва воқеият” баргузор шуда буд.

Дар нахустин Форуми Самарқанд намояндагони ҳудуди 20 созмони байнулмилалӣ ва коршиносон аз 30 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои он Эъломияи ҳуқуқи инсони Самарқанд қабул шуд, ки 6 феврали соли 2019 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба сифати санади расмии иҷлосияи 73-юм тасдиқ шуд.

Аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар кори ин форум аз ҷониби Тоҷикистон 9 нафар шахсони зерин иштирок мекунанд:

- Сафарализода Зафар Сафаралӣ – мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президент;

- Раҳим Зафар Ҳаким – сармутахассиси Раёсати кафолати ҳуқуқҳои Дастгоҳи иҷроияи президент;

- Ҳабибулозода Раҷабмо – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон;

- Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

- Ҷумъахонзода Дилором Ҷумъахон – сардори шуъбаи рушди илм, инноватсия ва захираи иттилоотии Раёсати соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо;

- Шоҳиён Наврӯз – сардори шуъбаи адлияи навҷавонон (ювеналӣ)-и Раёсати мунсибатҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқӣ;

- Сафарализода Далер – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

- Умед Раҳимзода – муовини раиси “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон”;

- Мирзоев Анӯшервон – сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.