Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои пешакии имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавиро ба мактабҳои олии Тоҷикистон ҷамъбаст кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари мудири Маркази милии тестӣ Абдулвосит Шодиниё хабар дод, аз рӯйи натиҷаҳои ду давраи тақсимот 75 ҳазору 482 нафар довталабон ба ҳаққи таҳсил дар макотиби олии кишвар соҳиб шуданд.

“Ин рақамҳо метавонанд тағйир ёбанд, зеро бархе аз довталабони дохилшуда бо сабабҳои гуногун ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои махсуси миёнаи таълимӣ омада наметавонанд”, - қайд кард Шодиниё.

Тибқи маълумоти ӯ, ҳамагӣ 110 ҳазору 951 кас ба Маркази миллӣ ҷиҳати супоридани тестҳо ҳуҷҷат пешниҳод намуда, 105 ҳазору 419 нафар довталабон барои супоридани имтиҳони қабулшавӣ ҳозир шудаанд.

Тибқи натиҷаи имтиҳонот, ҳудуди 90 ҳазор нафар ба иштирок дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисоси интихобшуда ҳуқуқ пайдо карда, лекин наздики 15 ҳазор нафар довталабон аз ин шумор аз озмун гузашта натавонистанд.

Имсол аз ҳама зиёдтар ба ихтисосҳои кластери “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” ва “Тиб, биология ва варзиш” ҳуҷҷат супорида шудааст.

Бино ба маълумоти мутахассисони Маркази миллии тестӣ, таҳлили натиҷаҳо бозгӯи он аст, ки ҷавонони Тоҷикистон ба касбу ихтисосҳои самти тиб, ҳуқуқ, дипломатия ва муносибаҳои байнулмилалӣ, забонҳои хориҷӣ ва иқтисод бештар майлу хоҳиш доранд.

Зикр шуд, ки мутаассифона, талабот ба ихтисосҳои кластери №1 “Илмҳои табиӣ ва техникӣ” начандон зиёд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.