Раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён “Пайванд-Единство” Даврон Юсуфов дар шаҳри Самараи Русия аз олам даргузашт.

“Губернатори вилояти Самара Дмитрий Азаров ба наздикону пайвандон ва ҳамкорони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки намояндаи барҷастаи халқи тоҷик Даврон Юсуфбекович барои таъмини сулҳу субот ва ризоият байни миллатҳо дар қаламрави минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ медод”, - хабар дода мешавад дар сомонаи ҳукумати вилояти Самара.

Роҳбари вилоят изҳор доштааст, ки Даврон Юсуфов муддати беш аз 20 сол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона иштирок мекард.

“Ӯ барои баргузории чорабиниҳои миллӣ, ҷашнвораҳои варзишӣ талош варзида, ба ҳамватанони худ дар ҳимоя аз ҳуқуқҳои қонунии худ, дастрасии муҳоҷирони корӣ ба ёрии ҳуқуқӣ кумак мекард, - таъкид доштааст Азаров. - Бо донишу таҷрибаи ғании ҳаётӣ, мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ, неруи созанда ва қобилияти ташкилотчигӣ ӯ байни ҳамкорону ҳаммаслакон ва намояндагони ташкилотҳои миллии минтақа соҳиби обрӯву эҳтиром ва нуфуз  буд”.

“Барои вилояти мо ин талафоти бузург аст. Хотираи неки Даврон Юсуфбекович ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд”, - илова кардааст Азаров.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.