Осияи Шерзод, ки баъди аз ҷониби наврасон оташ заданаш, 7 ҷарроҳиро паси сар намуд, имсол ба синфи якуми мактаб қадам ниҳод.

“Ӯ бозӣ карда, мехонад ва бо хушнудӣ ба мактаб меравад. Худоро шукр, ҳолати вазнинаш паси сар шуд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Шерзод Зулфонов, падари Осия.

Ба гуфтаи падари Осия, духтараш худро хуб ҳис намуда, ба захмҳои худ аллакай одат кардааст.

“Аз ҳама муҳимтаринаш барои мо солимии Осия аст. Ҳар рӯз пеш аз мактаб рафтан мо ба захмҳои ӯ равған ва малҳамҳои махсус мемолем. Шояд ӯ ба захмҳо то андозае одат кардааст, ки дигар ба онҳо аҳаммият намедиҳад”, - илова кард ӯ.

Шерзод Зулфонов қайд кард, ки солимии духтараш барқарор шуда истодааст ва ӯ дигар аз одамон ҳарос надорад.

“Пас аз ҳодисаи оташзаниаш Осия аз одамон метарсидагӣ шуд. Акнун фақат аз дар торикӣ танҳо будан ва шабона аз хона берун баромадан ҳарос дорад, зеро то ҳол он тарсу ваҳмро дар хотир дорад”, - мегӯяд Шерзод Зулфонов.

Шерзод Зулфонов ҳамчунин зикр кард, ки духтарашро ҷарроҳии пластикӣ дар пеш аст ва изҳори умедворӣ намуд, ки баъди он Осия ба ҳаёти пештарааш бармегардад.

“Барои ҷарроҳии пластикӣ пул лозим аст. Умедворем, ки табибони тоҷик кумак карда, Осияро ҷарроҳӣ мекунанд. Зеро ҳозир бо сабаби баста будани сарҳадҳо мо ӯро барои ҷарроҳӣ ба дигар кишвар бурда наметавонем”, - гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-июни соли 2019 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди манзили истиқоматиаш бозӣ мекард, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтар сӯхта буд. Раисҷумҳур низ аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки табобати Осияро таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад.

Гунаҳкори асосӣ – навраси 13-соларо ноқисулақл дониста, ба Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон ҷойгир карданд.

Аҳли хонаводаи Осия аз волидони наврасони оташзан пардохти ҷуброн талаб карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.